Ширкати «Тcell» муҳитеро фароҳам меорад, ки дар он ҳар як корманд ба дастовардҳои бузург ҳавасманд мегардад. Мо кӯшиш менамоем, ки барои ашхоси дорои ҳадафҳои баланди касбӣ баҳри ба роҳ мондани ҳамкории самаранок, кори якҷоя ва гирифтани дониши мукаммалу замонавӣ шароити мусоид фароҳам орем. Кормандони мо бояд дар фикрронӣ ва амалкунӣ озод ва ҳамзамон қобили қабули навгониҳову тағйиротҳо бошанд.
![]() |
Дар ширкати «Tcell» Шумо шароити хуби корӣ, аз ҷумла ҷойҳои кории ба таври замонавӣ муҷаҳҳазшуда, технологияҳои комуникатсионии муосир ва макони хуби вохуриҳо барои анҷом додани мубодилаи иттилоот ва афкор пайдо хоҳед кард. Моро кормандони мақсаддор, донову фаъол заруранд. Ширкати «Tcell» барои рушди касбӣ дар соҳаҳои техникӣ, тиҷоратӣ ва дигар соҳаҳои фаъолият имконоти зиёдро фароҳам месозад. |
Новобаста аз ҳадафҳои касбӣ ва маснадӣ – дар «Tcell» Шумо имкон доред, ки маҳорату малакаи худро баҳри хайрияти ҳадафҳои умум равона созед.
Ба мо ҳамроҳ шавед! Аз шомил гардидани Шумо ба дастаи мутахассисони касбии «Tcell» хушҳол хоҳем буд.
Ба Шумо рӯйхати вазифаҳои холии мавҷудбударо дар Azercell пешниҳод менамоем. Агар хоҳед, ки ба вазифаҳои холии мувофиқ муроҷиат намоед, ба пайванди “Эҷоди CV–и худ" пахш намуда сабти ном шавед, CV –и худро ирсол намоед ё шакли электронии арзномаро пур намоед.
Бо қоидаҳои муроҷиат барои ҷойҳои корӣ ба Дастуруламали Истифодабаранда шинос шавед.
Эзох: Муроҷиатҳо барои вазифаҳои холӣ танҳо тибқи қоидаҳои дар боло нишондодашуда қабул карда мешаванд. CV ва ариза оид ба кортаъминкунӣ, ки мустақиман ба суроғаи электронии кормандони Tcell ё идораи он фиристода мешаванд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд!